"Иншо дар бораи забон пояи миллат" - Views: 257 · Hits: 257 - Type: Public


Иншо дар бораи забон пояи миллат

※ Copy Link & paste in new tab: https://bit.ly/2E5iL1A















Ҳастии ҳар як халқу миллат пеш аз ҳама ба забони ӯ марбут аст. Забон шиносномаи миллат ва сарвати беназири ҳар як халқу давлат аст. Забон воситаи муошират ва пайвандгари наслҳои гузашта бо наслҳои имрӯзист. Оид ба забон ва аҳамияти он дар ҷаҳон нависандагон, адибону мутафаккирон ва шоирону орифон матолиби фаровонеро нақл кардаанд. Аз он ҷо, ки ҷашни забон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳукми анъана даромадааст ва ҳар сол дар таърихи 22-юми июл Рӯзи Забон истиқбол гирифта мешавад, таърихи 20- сола дорад. Яъне 22-июли соли 1989 дар иҷлосияи даҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Забон қабул карда шуд. Бо эълони қабули қонун дар таърихи мазкур барои тоҷикон он рӯз, рӯзи таърихӣ гардид. Мақоми давлатӣ пайдо кардани қонуни забон бори дигар собит намуд, ки тоҷикон агарчи дар даврони Иттиҳоди Шӯравӣ аз забони худ маҳрум буданд ва бо забони русӣ тамоми халқияту миллатҳо гуфтугӯ мекарданд ва дар натиҷаи талошу заҳматҳои зиёд саранҷом ин дастовард ва муваффақият насиби миллати тоҷик гашт. Бахт ба рӯйи миллати тоҷик хандид ва шеъри Мавлоно, ки фармудааст: Ҳар касе к-у дур монд аз асли хеш, Боз ҷӯяд рӯзгори васли хеш. Оини зиндагӣ ва рӯзгори тираву тор дар давраҳои таърихӣ ва нобарориҳои иҷтимоиву фарҳангӣ дар даврони Иттиҳоди Шӯравӣ гузаштагони моро ҳамеша водор месохт то рӯи ин матлаб, ки оё рӯзе мешавад, забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ пайдо кунад ва дар як сарзамини муайян бо ҷуғрофиёи муайян миллати тоҷик дорои сарзамин, парчам ва соҳиби нишони миллӣ гардад, андеша кунанд. Гузаштагони пурифтихори мо дар ҳасрат ва орзуи ин андешаҳо мурданду рафтанд ва дар ин роҳ чӣ қадар мубориза ва ҷоннисориҳо накарданд? Оре, об агар сад пора гардад, боз бо ҳам ошност. Ин ошноӣ боз дубора ғалаба кард ва парокандагӣ ва адами якпорчагӣ нисбати забонро муттаҳид сохт. Таваҷҷӯҳ ва диққати махсус нисбати забон торафт бештар шуд. Қонуни забон заминаҳои истиқлолияти сиёсиро фароҳам сохт, зеро истиқлолияти сиёсӣ бе доштани забони давлатӣ фароҳам намегардад. Аз ин рӯ, ҳар як шаҳрванди Тоҷикистонро зарур аст, ки забони модарии хешро гиромӣ дошта, дигаронро низ баҳри фарогирии он талқин намояд. Тадбиқи ҳамаҷонибаи қонуни забон дар ҳаёт ба нангу номуси ҳар яки мову Шумо вобаста аст. Ҳифзи ин сарвати беназири миллат барои донистани дигар забонҳо мусоидат мекунад. Бояд гуфт, ки забони тоҷикӣ яке аз забонҳои бостонӣ ва соҳибхати олам буда, се марҳалаи тӯлонии инкишофро аз сар гузаронидааст: 1. Зиёда аз ҳазор сол аст, ки халқи тоҷик бо забони шевои тоҷикӣ гуфтугӯ карда, фарҳанги беназири худро чун хати сабз аз як китоб ба китоби дигари таърих сабт мекунад. Шоирону нависандагон ва донишмандони оламшумул, мисли Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Абӯалӣ Сино, Носири Хусрав, Камоли Хуҷандӣ, Ҳо¬физ, Саъдӣ, Бедил, Аҳмади Дониш, Айнӣ ва дигарон асарҳои ҷовидонаву орифонаи худро бо забони тоҷикӣ эҷод карда, шӯҳрати ин забонро боз афзунтар гардониданд. Ҷашни забон, ки ба ҳукми анъана ва ҷашни миллӣ даромадааст, аз тасвиби Қонуни забони Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфт. Он рӯз, яъне 22-юми июли соли 1989, ки Иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабули Қонуни забонро эълом дошт, барои миллати тоҷик рӯзи фаромӯшнашаванда мебошад. Аз ин рӯ, беғалат навиштану донистани меъёр ва қоидаҳои забон, ҳастии ин рукни асосии миллатро таъмин менамояд. Илова бар ин лозим аст, ки ба забони модарии худ садоқат ва муҳаббати бепоён дошта бошем, зеро эҳёи забон пурарзиштарин мероси мо ба наслҳои оянда хоҳад буд. Абдуллоҳи ҚОДИРӢ, сардори шӯъбаи робитаҳои байналмилалӣ ва ҷамъиятии Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират.